Tajiki Language Learning Podcasts
Tajiki podcast 121405
- Autor: Vários
- Narrador: Vários
- Editora: Podcast
- Duração: 0:03:05
- Mais informações
Informações:
Sinopse
Майдон аз далер аст !Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ рӯзи сешанбе , 6 декабр дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз дусад паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз шуд.Маҳмуди Абдуллоҳ - саркотиби ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт , гуштигирон мувофиқи вазнашон ду рӯз рақобат мекунанд. Як хабар аз натоиҷи мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо миёни наврасон барои дарёфти ҷоизаи хотираи Мутеулло Муллобоев - гуштигири маъруфи тоҷик . Ин мусобиқа низ дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуда , бо пирӯзии гуштигирони мактаб - интернати тамоюли варзишии пойтахти кишвар ва ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид . Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ паҳлавонони наврас Файзалӣ Ҷебов , Дилшод Мӯъминов , Наҷибуллоҳ Ҷабборов , Абубакр Зоиров ва Абубакр Раҳмонов мақоми аввалро касб карданд. Хабари дигар ин аст , ки аз 7 то 17 декабр дар Деҳлӣ - пойтахти Ҳиндустон - мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони то чаҳордаҳсола баргузор мешавад . Дар