Tajiki Language Learning Podcasts
- Autor: Vários
- Narrador: Vários
- Editora: Podcast
- Duração: 0:37:00
- Mais informações
Informações:
Sinopse
Tajiki Language Learning Podcasts from CeLCAR
Episódios
-
Tajiki podcast 031006
10/03/2006 Duração: 03minСуманак Суманак ғизои махсуси наврӯзӣ аст. Барои пухтани он мардум ду- се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯз тайёрӣ дида, дар табақҳои калон донаҳои гандумро сабз мекунанд. То вақти пухтани суманак дароизии сабза бояд ба як ваҷаб расад. Одатан мегӯянд, ки агар қади сабза аз як ваҷаб дарозтар бошад, маззаи суманак талх мешавад. Вақте ки сабзаи гандум тайёр шуд, онро мекӯбанд. Барои тайёр кардани суманак боз орд ва равған лозим аст. Дар рӯи ҳавлӣ деги калонеро ба рӯи оташдон мегузоранд. Мувофиқи анъана зани калонсоли маҳалла, ки сазовори эҳтироми хурду калон мебошад, равғанро ба дег меандозад. Баъд аз он шираи сабза ва ордро меандозанд. Деги суманакро ҳамеша бо кафгирҳои калон кофтан лозим аст. Ба зери дег чор-панҷ дона сангчаи хурд мепартоянд, то ки суманак ба зери дег начаспад. Суманакро дар давоми як шабонарӯз мепазанд ва аз ин рӯ барои пухтани он хурду калони маҳалла ё деҳа даъват карда мешаванд. Дегро ҳама бо навбат мекобанд. Ҳангоми бонавбат кофтани дег занон доира менавозанд, суруд мехонанд ва мерақсанд. Кӯдакон
-
Tajiki podcast 022406
24/02/2006 Duração: 03minХони наврӯзӣ Ороиши хони наврӯзӣ яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик аст. Барои ҷашн гирифтани соли нав тоҷикон анвои гуногуни хӯрок ва шириниҳоро пухта, ҳунару маҳорати пазандагии худро намоиш медиҳанд. Тарзи ороиш ва гузоштани намудҳои гуногуни нуқлу наво дар рӯи хони наврӯзӣ низ анъанаи аҷибест. Дар ин байн суфра ва ё хони ҳафтсин хеле машҳур аст. Рақами ҳафт дар таърихи мардуми эронитабор рамзи хуб дорад. Суфраи ҳафтсин дар замонҳои қадим аз ҳафт чизе иборат буд, ки ҳар яки он чун рамзи қувваҳои некӣ ва ҳимоят аз бадӣ истифода мешуд. Тадриҷан ба он дигаргуниҳо дароварда шуданд. Вале анъанаи суфраи ҳафтсин, ки номи ҳар як чизи он дар имлои алифбои арабӣ бо ҳарфи син оғоз мегардад, то имрӯз боқӣ мондааст. Дар байни мардуми тоҷик гузоштани чизҳои зерин дар хони ҳафтсин ҳамчун анъана қабул шудааст: 1. Сабза-тақрибан ду-се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯзӣ дар рӯи табақ донаҳои гандумро сабз мекунанд. То рӯзи Наврӯз ин гандум ба дарозии як ваҷаб сабзида, хеле хушнамуд мешавад. Сабза рамзи сабзиш ва ҳосили хуб дар
-
Tajiki podcast 021706
17/02/2006 Duração: 03minДушанбе Деҳаи Душанбе дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ва дар дараи дарёи Варзоб ҷойгир буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1676 дар ин деҳа ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мешуд ва мардум барои фурӯхтани озуқа ва харид кардани маҳсулоти зарурӣ ба ин ҷо ҷамъ меомаданд. Соли 1920 амири Бухоро пас аз сарнагун гаштани ҳокимияташ ва пеш аз муҳоҷираташ ба Афғонистон дар ин деҳа истиқомат карда буд. Соли 1929, вақте ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки пештар дар ҳайати Ӯзбакистон буд, ба Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистони шӯравӣ табдил шуд, ҳамин деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри Душанбе Сталинобод ном дошт. Дар ин муддат дар шаҳр биноҳои зиёди истиқоматӣ, кӯча ва хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва бозорҳои калон сохта шуданд. Соли 1961 номи қадимии шаҳр барқарор карда шуд. Пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати тоҷикон боз машҳуртар шуд. Ҳамаи вохӯриҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии кишварҳои дигар, маҷлису конфронсҳои байнал
-
Tajiki podcast 021006
10/02/2006 Duração: 03minДушанбе Деҳаи Душанбе дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ва дар дараи дарёи Варзоб ҷойгир буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1676 дар ин деҳа ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мешуд ва мардум барои фурӯхтани озуқа ва харид кардани маҳсулоти зарурӣ ба ин ҷо ҷамъ меомаданд. Соли 1920 амири Бухоро пас аз сарнагун гаштани ҳокимияташ ва пеш аз муҳоҷираташ ба Афғонистон дар ин деҳа истиқомат карда буд. Соли 1929, вақте ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки пештар дар ҳайати Ӯзбакистон буд, ба Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистони шӯравӣ табдил шуд, ҳамин деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри Душанбе Сталинобод ном дошт. Дар ин муддат дар шаҳр биноҳои зиёди истиқоматӣ, кӯча ва хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва бозорҳои калон сохта шуданд. Соли 1961 номи қадимии шаҳр барқарор карда шуд. Пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати тоҷикон боз машҳуртар шуд. Ҳамаи вохӯриҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии кишварҳои дигар, маҷлису конфронсҳои байнал
-
Tajiki podcast 020306
03/02/2006 Duração: 03minКобул хостори мадади Исломобод аст Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии Афғонистон ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаҳои амниятии кишвараш ва баррасии шароити ба Афғонистон дода шудани тахминан 150 саркардаи ҳаракати Толибон ба Покистон сафари расмӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбати ахири телефонии худро бо Парвиз Мушарраф, ҳамтои покистониаш дӯстонаву бародарона ва муносибатҳои ду кишварро фавқулодда самимӣ ва нек арзёбӣ кард. Вай афзуд, ноамнии яке аз ин кишварҳо маънои ноамнии кишвари ҳамсояро хоҳад дошт. Оқои Карзай афзуд, гардиши мол миёни Покистону Афғонистон аз 25 миллион доллар дар даврони Толибон ба 1,2 миллиард доллар расидааст, ки ин нукта ба қавли ӯ "далели манфиати амнияти Афғонистон ба иқтисоди Покистон аст". Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ӯ бо Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон дар маъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ гуфт, Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақ ба зиндагии шоиста дорад. Изҳороти раисҷумҳури Афғонистон дар ҳ
-
Tajiki podcast 012706
27/01/2006 Duração: 03minҲукумати Тоҷикистон лоиҳаи бозсозии пойтахтро баҳс хоҳад кард Матлубхон Халифаев-раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, нақшаи нави кулли шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ таҳия хоҳад шуд. Ба гуфти оқои Халифаев, дар ҳоли ҳозир вазорати иқтисод ва тиҷорат ҳаҷми хароҷоти ин тарҳро ҳисоб мекунад. Бар пояи ин нақша қарор аст дар шаҳри Душанбе роҳҳои мошингард таҷдиду тармим гардида, манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд шавад. Ҳамзамон баррасии ин масъала рӯзи ҷумъаи 27 январ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст. Раиси кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳамчунин хабар дод, ки барномаи бозсозии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон то 25 августи соли ҷорӣ такмил хоҳад ёфт. Дар моҳи сентябр 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад ва то он замон дар ин шаҳр бояд 57 бинои нав сохта шавад. Оқои Халифаев сару садоҳо дар мавриди кашфи далелҳои ришватситонӣ дар миёни муассисаҳои сохтмони Кӯлобро рад карда гуфт: "Дар соли гузаштаи 2005 аз сӯи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои
-
Tajiki podcast 012006
20/01/2006 Duração: 03min15 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 19 январ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳи таҷдиди кори хадамоти шаҳрӣ дар 8 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадафи ин тарҳ кӯмак ба Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки муасиссаҳои коммуналии ин 8 минтақаро таҷдид карда, барои сокинони ин ноҳияҳо хадамоти муносибу дастрас пешкаш намояд. Хадамоти коммуналии дастрасу мувофиқ, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз муҳимтарин заминаҳои рушд ва коҳиши камбизоатӣ маҳсуб мешавад. Муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бунёд шудаанд, бо гузашти вақт ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуданд, аз ҷумла шабакаҳои таъмини об ва муассисаҳои поксозиии партобҳо. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кори номуносиб ва дар бархе ҳолатҳо ҳатто набуди чунин хадамот барои сиҳатии ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва хароҷоти мардуми камбизоатро меафзояд. Тибқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар 8 минтақа - Данғара, Истаравшан, Кони
-
Tajiki podcast 011306
13/01/2006 Duração: 03minрофи миён ва дигаре ба болои китфҳо партофта мешавад. Сари мардон бояд кушода бошад, вале занон чодар мепӯшанд. Зоирон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷ чанд маросимро иҷро мекунанд. Барои тавофи Каъба зоирон бо пои рост аз Дор-ус-салом ба Масҷид-ул ҳарам ворид мешаванд. Онҳо ба санги муқаддаси Каъба наздик шуда, онро мебӯсанд ва ё бо дасташон мерасанд. Сипас онҳо бояд ҳафт маротиба дар атрофи Каъба давр зананд. Баъд аз он дасти ростро боло бардошта , ба худо ва пайғамбари ӯ салавот мехонанд. Пас аз тавоф давидан дар байни ду теппаи Ас-Сафо ва Ал- Марва оғоз мешавад. Дар дини ислом чанд қаринаи пайдоиши ин анъана мавҷуд аст ва яке аз онҳо - дар ҷустутҷӯи об ҳафт маротиба давидани Ҳоҷар мебошад. Сипас мусулмонон ба водии Арафот равон мешаванд. Қисме аз онҳо дар водии Мино ва қисме дар водии Арафот ҷойгир мешаванд. Рӯзи 9- уми зулҳиҷҷа дар инҷо хутба хонда мешавад ва зоирон намоз мехонанд. Пас аз ғуруби офтоб онҳо давон ба водии Муздалифа мераванд ва рӯзи дигар, 10 зулҳиҷҷа, ба водии Мино равон шуда, ба се сутуне
-
Tajiki podcast 010606
06/01/2006 Duração: 03minТаъсиси ситоди махсус дар Вазорати энержии Тоҷикистон Вазорати энержии Тоҷикистон барои назорат ба раванди таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо нирӯи барқ ва ислоҳи садамаҳо дар ин масъала як ситоди махсус таъсис дод. Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, бинобар бидуни огоҳӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба аҳолӣ, эътирози сокинон зиёд шуд ва ҳамарӯза беш аз 100 аризаи шикоятӣ ба унвони бахшҳои вазорати энержӣ мерасад. Мақомоти шабакаи таъмини барқи шаҳри Душанбе мегӯянд, бо омадани барфи аввал хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ хароб ва зеристгоҳҳои барқӣ дучори садама шудааст. Бинобар сардии ҳаво аз якуми январ ба инҷониб истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе 70 % ва нисбат ба тобистон 3 мартаба афзудааст. Зӯҳро Раҳмонова, корманди шабакаи барқи пойтахти Тоҷикистон гуфт, бо сабаби кам будани кормандони шабакаи мазкур, на ҳамеша шикояти шаҳрвандон саривақт баррасӣ ва хатҳои интиқоли барқ тармим мешавад. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун аз ҳисоби кормандони шабакаҳои ҷумҳуриявии таъмини барқ
-
Tajiki podcast 121605
16/12/2005 Duração: 03minЛафзи ширин Дар боло ишорае кардем ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон. Устоди устодони Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улуми омӯзгорӣ Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев солҳо мегуфт, омӯзиши забон бояд аз синни 2-3-солагӣ шурӯъ шавад ва аз ҳамон вақт бояд забони дуруст ба кӯдак омӯзонида. Академик Лутфуллоев барои ин китоберо бо номи "Лафзи ширин" таҳия карда буд, ки солҳо наметавонист чоп кунад. Давлат пули чопи чунин китобҳоро надорад. Инак, хабари хуш, китобро як соҳибкори ҷавони тоҷик бе ягон андешаи фоидаи молӣ ба чоп расонд. Ба ин муносибат ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо муаллиф вохӯрд ва андешаҳои ӯву устодони дигарро дар як гузориш гирд овард. Донишманди маъруфи эронӣ Сайид Нафисӣ Бухоро ва Самарқандро зодгоҳи забони форсӣ мешуморад ва онро ба дарахти азиме монанд мекунад, ки бо вуҷуди зард шудани баргҳояш дар фаслҳои хазон реша дар таърихи ҳазорсола дорад. Оё имрӯз форсии тоҷикӣ дар Бухоро дар чи ҳол аст? Пурсидем аз нависандаи шинохташуда Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар посух гуфт, омӯзиши заб
-
Tajiki podcast 121405
14/12/2005 Duração: 03minМайдон аз далер аст !Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ рӯзи сешанбе , 6 декабр дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз дусад паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз шуд.Маҳмуди Абдуллоҳ - саркотиби ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт , гуштигирон мувофиқи вазнашон ду рӯз рақобат мекунанд. Як хабар аз натоиҷи мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо миёни наврасон барои дарёфти ҷоизаи хотираи Мутеулло Муллобоев - гуштигири маъруфи тоҷик . Ин мусобиқа низ дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуда , бо пирӯзии гуштигирони мактаб - интернати тамоюли варзишии пойтахти кишвар ва ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид . Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ паҳлавонони наврас Файзалӣ Ҷебов , Дилшод Мӯъминов , Наҷибуллоҳ Ҷабборов , Абубакр Зоиров ва Абубакр Раҳмонов мақоми аввалро касб карданд. Хабари дигар ин аст , ки аз 7 то 17 декабр дар Деҳлӣ - пойтахти Ҳиндустон - мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони то чаҳордаҳсола баргузор мешавад . Дар
-
Tajiki podcast 121205
12/12/2005 Duração: 03minНахустин шумораи рӯзномаи «Набзи Ховар» -нашрияи Хабаргузории миллии Тоҷикистон "Ховар" аз дасти чоп баромад. Зафар Саидов-Раиси хабаргузории "Ховар" гуфт, қарор аст ин рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба мунташир шавад:"Ин рӯзнома дар асоси маҷмӯаи комили "Ховар" ба ҷуз аз рӯзҳои истироҳат, яъне ба ҷуз аз рузҳои шанбе ва якшанбе дар ҳаҷми зиёда аз 8 сафҳа чоп мешавад. Рӯзнома танҳо бар асоси обуна ба таври чопӣ ё аз тариқи почтаи электронӣ бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ ва забони русӣ дастраси муштариён хоҳад шуд".Баъд аз касби истиқлол ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияе, ки ҳамарӯза мунташир шавад, вуҷуд надошт. Нашрияҳо дар Тоҷикистон ба сурати ҳафтаӣ чоп мешаванд ва танҳо "Ҷумҳурият"- нашрияи расмии Тоҷикистон ва "Садои Мардум" -нашрияи порлумони кишвар ҳафтае ду маротиба имкони нашр шуданро доранд. Маводи "Набзи Ховар" ҳамчунин дар саҳифаи интернетии хабаргузории "Ховар" қобили дарёфт хоҳад буд. Зафар Саидов афзуд, ин рӯзнома дар ояндаи наздик ба забони инглисӣ низ нашр хоҳад шуд. Ба ин манзур гурӯҳи