Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki podcast 012006

Informações:

Sinopse

15 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 19 январ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳи таҷдиди кори хадамоти шаҳрӣ дар 8 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадафи ин тарҳ кӯмак ба Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки муасиссаҳои коммуналии ин 8 минтақаро таҷдид карда, барои сокинони ин ноҳияҳо хадамоти муносибу дастрас пешкаш намояд. Хадамоти коммуналии дастрасу мувофиқ, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз муҳимтарин заминаҳои рушд ва коҳиши камбизоатӣ маҳсуб мешавад. Муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бунёд шудаанд, бо гузашти вақт ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуданд, аз ҷумла шабакаҳои таъмини об ва муассисаҳои поксозиии партобҳо. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кори номуносиб ва дар бархе ҳолатҳо ҳатто набуди чунин хадамот барои сиҳатии ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва хароҷоти мардуми камбизоатро меафзояд. Тибқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар 8 минтақа - Данғара, Истаравшан, Кони