Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki podcast 121605

Informações:

Sinopse

Лафзи ширин Дар боло ишорае кардем ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон. Устоди устодони Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улуми омӯзгорӣ Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев солҳо мегуфт, омӯзиши забон бояд аз синни 2-3-солагӣ шурӯъ шавад ва аз ҳамон вақт бояд забони дуруст ба кӯдак омӯзонида. Академик Лутфуллоев барои ин китоберо бо номи "Лафзи ширин" таҳия карда буд, ки солҳо наметавонист чоп кунад. Давлат пули чопи чунин китобҳоро надорад. Инак, хабари хуш, китобро як соҳибкори ҷавони тоҷик бе ягон андешаи фоидаи молӣ ба чоп расонд. Ба ин муносибат ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо муаллиф вохӯрд ва андешаҳои ӯву устодони дигарро дар як гузориш гирд овард. Донишманди маъруфи эронӣ Сайид Нафисӣ Бухоро ва Самарқандро зодгоҳи забони форсӣ мешуморад ва онро ба дарахти азиме монанд мекунад, ки бо вуҷуди зард шудани баргҳояш дар фаслҳои хазон реша дар таърихи ҳазорсола дорад. Оё имрӯз форсии тоҷикӣ дар Бухоро дар чи ҳол аст? Пурсидем аз нависандаи шинохташуда Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар посух гуфт, омӯзиши заб